08/09/2026
Аҳли кормандони Маркази онкологии «Шафран» тамоми мардуми шарифи кишварро бо ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯянд!
Истиқлолият рамзи озодӣ, сарбаландӣ ва заминаи рушди устувори кишвари мост. Тандурустии миллат бойгарии асосии давлат аст ва мо бо эҳсоси масъулияти баланд ва меҳри содиқона барои ҳифзи саломатӣ ва бахшидани умед ба ҳар як бемор фаъолият менамоем. Ба Шумо саломатии мустаҳкам, иродаи қавӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдати ҷовидона хоҳонем!