19/06/2026
Семинари омӯзишӣ барои ваксинаторони таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар асоси фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дар доираи татбиқи Барномаҳои давлатии «Ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» ва «Иммунопрофилактика» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 семинари омӯзишӣ барои ваксинаторони таваллудхонаҳои дар шаҳри Душанбе фаъолияткунанда баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии кормандони тиб дар самти гузаронидани иммунизатсияи навзодон, риояи талаботи санитарӣ-гигиенӣ ҳангоми нигоҳдорӣ ва истифодаи ваксинаҳо, инчунин тақвияти чораҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил, мебошад.
Дар ҷараёни семинар мутахассисон масъалаҳои марбут ба тақвими миллии эмгузаронӣ, тартиби гузаронидани ваксинаи БСЖ ба навзодон, нигоҳдории занҷираи сард (холодовая цепь), бақайдгирӣ ва ҳисоботи эмгузаронӣ, зидинишондодҳо барои ваксинаи БСЖ ва оризаҳои он, инчунин роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии зиддисилӣ ва иммунопрофилактикиро баррасӣ намуданд.
Иштирокчиён доир ба санадҳои меъёрӣ, тавсияҳои нав ва таҷрибаҳои беҳтарини амалии соҳаи иммунопрофилактика ва силшиносӣ маълумоти муфид гирифта, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас дарёфт намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ба баланд гардидани сатҳи касбияти кормандони тиб ва таъмини ҳифзи саломатии кӯдакон мусоидат намуда, дар пешгирии бемориҳои сироятӣ нақши муҳим мебозад.