18/08/2026
ПАЁМИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Ҳамкасбони гиромӣ, табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти самимӣ Шумо — соҳибони касби пурмасъулияту инсонпарварро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ самимона табрик мегӯям.
Касби корманди соҳаи тандурустӣ аз ҷумлаи касбҳои масъулиятнок ва пурифтихор буда, ба фаъолияти ҳаррӯзаи он саломатӣ, ҳаёт ва ояндаи инсонҳо вобастагӣ дорад. Ҳар рӯзи кори корманди тиббӣ бо масъулияти баланд, дониш, таҷриба, сабру таҳаммул ва муносибати ғамхорона ба мардум оғоз меёбад.
Дар шароити имрӯза рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солим аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд саҳми кормандони соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО низ хеле муҳим аст. Ташхиси саривақтӣ, пешгирии сироят, корҳои иттилоотию маърифатӣ, дастгирии шахсони гирифтори ВНМО ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мо мебошанд.
Муваффақияти кор дар ин самт аз масъулияти касбӣ, ҳамкории муассисаҳо, муносибати дуруст бо муроҷиаткунандагон ва саъю талоши ҳар як корманд вобастагии калон дорад. Бо итминон метавон гуфт, ки кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бо меҳнати содиқона ва фаъолияти пайваста дар ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва аҳли оилаашон саломатии бардавом, хотири ҷамъ, рӯзгори обод, барори кор ва дар фаъолияти касбӣ дастовардҳои нав орзу менамоям.
Бигзор меҳнати ҳаррӯзаи Шумо самараи нек ба бор оварда, эътимод ва эҳтироми мардум ба фаъолияти пурмасъулияти кормандони соҳаи тандурустӣ боз ҳам таҳким ёбад.
Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ муборак бошад!
Қурбон Одинаҳмадзода, Директори МД «Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО ва ГПВ дар вилояти Хатлон»