28/08/2026
ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДОИР БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ВА ҒАЙРИСИРОТӢ
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва рияои қоидаҳои санитарию гигиенӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ҳамарӯза дар масҷидҳои пойтахт байни намозгузорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Ҷиҳати натиҷагирӣ аз ҷарёни корҳои фаҳмондадиҳии мутахассисони марказҳои саломатии пойтахт дар масҷидҳо байни намозгузорон ва боз ҳам тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он директори Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солими Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Зайнаб Анварӣ ва мутахассисони масъули марказҳои саломатии шаҳрӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласаи корӣ ба муҳтавои маърӯзҳое, ки дар байни намозгузорон доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб пешинҳод мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, баҳри боз ҳам такмил додани муҳтавои онҳо тавсияҳо ироа гардиданд.