07/08/2026
Рушди пайвастаи касбӣ — кафолати хизматрасонии босифат!
Мутахассисони Маркази психологии «Мотив», ки ҳамзамон аъзои фаъоли Ҷамъияти равоншиносон-машваратчиён ва равондармонҳои Тоҷикистон мебошанд, як омӯзиши муҳим ва касбиро бо муваффақият хатм карданд.
Тренинги мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА (OSCE) дар Душанбе баргузор гардида, ба мавзӯи ҳассос ва мубрами рӯз — «Татбиқи барномаҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) дар кор бо ашхосе, ки зӯроварӣ содир кардаанд» бахшида шуд.
📌 Дар давоми ин барнома тими мо донишу таҷрибаи худро дар самтҳои зерин такмил дод:
✔️ Роҳҳо ва қоидаҳои бехатари гузаронидани мусоҳиба бо агрессорҳо;
✔️ Истифодаи амалии терапияи маърифатӣ-рафторӣ (КПТ);
✔️ Усулҳои танзими эҳсосот ва идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ;
✔️ Роҳандозии барномаҳои ислоҳӣ барои пешгирӣ намудани зӯроварии такрорӣ.
Мо дар Маркази «Мотив» ҳамеша талош меварзем, ки бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами соҳа ба мизоҷони худ ёрии баландихтисоси равонӣ расонем. Донишҳои нав ба мо имкон медиҳанд, ки дар ҳалли муноқишаҳо, пешгирии зӯроварӣ ва беҳбудии фазои хонаводагиву ҷамъиятӣ саҳми боз ҳам бештар гузорем.
Ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон ва тамоми ташкилкунандагону мураббиён барои ин барномаи пурмуҳтаво сипосгузорем! 🤝
#МарказиМотив #Равоншиносӣ #Психология #Тоҷикистон #САҲА #КПТ #СолимииРавонӣ #Душанбе