21/05/2026
"ОНА ИЛИ Я?"
(на рус. и ниже на тадж.)
Как бы это не звучало дико, но такое, к сожалению, часто встречается и сегодня. Когда мать ставит сыну ультиматум: «Она или я?» — это уже не про заботу, НЕ ПРО ЛЮБОВЬ, а про борьбу за место в его жизни. И такие ситуации встречаются чаще, учитывая нашу культуру и традиции «держать под своим крылом» и не отпускать повзрослевших сыновей, у которых лаже есть дети. Многие семьи живут в постоянном напряжении именно из-за того, что мать не может принять: сын вырос, и теперь рядом с ним другая женщина.
За таким поведением часто стоят страх одиночества, внутреннее чувство потери.
Для некоторых матерей сын становится главным смыслом жизни, эмоциональной опорой, источником внимания, нужности и экономической стабильности. Такое поведение чаще проявляется у женщин, которые:
— была одинока;
— жила ради детей;
— эгоистичны;
— не реализовала себя в других сферах;
— привыкла полностью контролировать семью;
— воспринимала сына как «своего мужчину», «собственность».
И тогда появление невестки воспринимается не как естественный этап взросления сына, а как угроза. Отсюда ревность, конкуренция, попытки контролировать, обесценивать, вмешиваться и ставить ультиматумы.
Фразы вроде:
— «После свадьбы ты стал другим»;
— «Она тебя настроила против меня»;
— «Раньше мать была на первом месте»;
— «Если выберешь её — я отвернусь (прокляну) от тебя, можешь забыть про меня»
— это не про любовь. Это про страх потерять власть и исключительное место в жизни сына.
Но, никто не отменял причинно - следственную связь, последствия таких сценариев бывают тяжелыми. Например:
— постоянные конфликты в семье;
— психо-эмоциональное выгорание всех участников;
— чувство вины у сына;
— разрушение брака;
— дистанция между матерью и детьми;
— полный разрыв отношений
— травмирование психики детей;
— психосоматические расстройства (болезни).
Часто самое сложное положение у мужчины. Он оказывается между двумя важными женщинами и пытается «не обидеть никого». Но попытка усидеть на двух стульях обычно болезненна и недолгосрочна. Мужчине придется принимать решение не разрушая себя!
Что важно понимать сыновьям: мама — важный человек, но жена — это уже ваша собственная семья. Взрослая позиция мужчины — не выбирать «кого любить больше», а выстраивать границы. Можно любить мать, заботиться о ней, уважать её — и при этом не позволять разрушать свои отношения.
Что важно понимать свекровям: любовь сына не уменьшается от того, что в его жизни появилась другая женщина. Сын не «предал» мать — он вырос. И чем больше контроля, давления и ревности, тем выше риск действительно потерять близость с ним.
Попробуйте дать свободу, отпустите сына в самостоятельный «полёт» (если конечно же, вы научили его «летать» самостоятельно и не «подрезали» ему крылья). Нужно осознать одну важную вещь, которая помогла мне когда-то осмыслить истинное предназначение родительства. Дети не даются ДЛЯ НАС, они созданы для ЭТОГО МИРА. Это МЫ готовим детей к самостоятельной и независимой жизни (19+). Если наши дети этому не научаться, им придется очень трудно в этом мире, сталкиваясь с различными сложными жизненными ситуациями. А их всегда достаточно посылается нам Свыше. Поймите, что это ЕГО жизни и его решение. И если даже он ошибается, то это будет ЕГО ОШИБКОЙ, на которой он будет набираться ОПЫТА
Здоровые отношения строятся не на конкуренции, а на уважении границ. Каждый остается на своём месте: мать не должна занимать место жены, жена не должна воевать за «первое место», мужчина не должен быть призом в этой борьбе.
Иногда такие конфликты можно решить только через честный разговор, дистанцию или даже семейную терапию. И это нормально. Потому что проблема «она или я?» — не про двух женщин. Она про незавершённое эмоциональные переживания и страх отпустить взрослого сына.
Любви и благости!
"Ё Ӯ, Ё МАН?"
Чӣ қадаре ки ин савол аҷиб садо диҳад ҳам, мутаассифона чунин ҳолатҳо имрӯз бисёр вомехӯранд. Вақте ки модар ба писараш шарт мегузорад: «Ё ӯ, ё ман?» — ин дигар на аз назари ғамхорӣ ва НА АЗ назари МУҲАББАТ аст, балки мубориза барои ҷой дар зиндагии писар мебошад.
Бо назардошти фарҳанг ва анъанаҳои мо “зери қаноти худ” нигоҳ доштан аксар вакт барои навхонадорон мушкилихои оиладориро пайдо мекунад ва чунин ҳолатҳо хеле зиёданд. Бисёр оилаҳо зери фишору асабонияти доимӣ зиндагӣ мекунанд, танҳо барои он ки модар инро қабул карда наметавонад, ки писараш калон шуд ва акнун дар паҳлӯяш зани дигар ҳаст.
Дар паси чунин рафтор бисёр вақт тарси танҳо мондан ва ҳисси аз даст додани фарзанд меистад.
Барои баъзе модарон писар маънои асосии зиндагӣ, такягоҳи равонӣ, манбаи диққат, эҳтиёҷ ва дастгирии иқтисодӣ мешавад. Ин гуна рафтор бештар дар заноне дида мешавад, ки:
— танҳо буданд;
— тамоми умрашонро барои фарзандон бахшидаанд;
— худхоҳ ҳастанд;
— худро дар дигар соҳаҳои зиндагӣ амалӣ карда натавонистанд;
— одат кардаанд, ки ҳамаро назорат кунанд;
— писарро ҳамчун “марди худ” ё “моликияти худ” қабул мекунанд ва дигар.
Дар вақти пайдо шудани келин баъзеи хушдоманхо ӯро ҳамчун хатар қабул мекунанд, на ҳамчун калон шудани писари худ. Аз ҳамин ҷо рашк, рақобат, кӯшиши назорат кардан, паст задан, дахолат кардан ва шарт гузоштан сар мешавад.
Ҷумлаҳое мисли:
— «Баъди оиладор шуданат дигар шудӣ»;
— «Ӯ туро зидди ман кардааст»;
— «Пештар модарат дар ҷойи аввал буд»;
— «Агар ӯро интихоб кунӣ — ман аз ту рӯ мегардонам (дуоят намекунам), маро фаромӯш кун»
-- ин дар бораи муҳаббат нисбати писари худ нест. Ин дар бораи тарси аз даст додани қудрат ва ҷойи махсус худ дар зиндагии писар аст.
Аммо ҳар амал оқибат дорад. Оқибатҳои чунин ҳолатҳо метавонанд вазнин бошанд:
— ҷанҷолҳои доимӣ дар оила;
— хастагии равонӣ ва эҳсосии ҳама иштирокчиён;
— ҳисси гунаҳкорӣ дар писар;
— вайрон шудани оила;
— дур шудани модар аз фарзандон;
— пурра канда шудани муносибатҳо;
— осеб дидани саломатии равонии кӯдакон;
— бемориҳои психосоматикӣ ва гайра.
Аксар вақт вазнинтарин ҳолат ба сари мард меафтад. Ӯ байни ду зани дар ҳаёташ муҳим мемонад ва кӯшиш мекунад, ки “ҳеҷ касро наранҷонад”. Аммо дар ду курсӣ якбора нишастан на ҳамеша мумкин аст. Мард бояд қарор қабул кунад, бе щикасти худ.
Чиро писарон бояд фаҳманд:
модар — инсони муҳим аст, аммо ҳамсар — ин аллакай оилаи худи шумост. Марди болиғ набояд интихоб кунад, ки “киро бештар дӯст дорад”, балки бояд ҳудуду меъёрҳоро муайян кунад. Метавон модарро дӯст дошт, эҳтиром кард ва ғамхорӣ намуд, аммо ҳамзамон нагузошт, ки муносибатҳои шахсиатон вайрон шаванд.
Чиро хушдоманҳо бояд фаҳманд:
муҳаббати писар аз он кам намешавад, ки дар зиндагии ӯ зани дигар пайдо шуд. Писар модарро “хиёнат” накардааст — ӯ калон шудааст. Ва ҳар қадаре ки назорат, фишор ва рашк бештар шавад, ҳамон қадар хатари аз даст додани наздикӣ бо писар зиёд мешавад.
Кӯшиш кунед ба фарзандонатон озодӣ (пеш аз хама аз чихати маънави ва/ё истикомати) диҳед. Писарро ба зиндагии мустақилона роҳ диҳед (агар албатта, ба ӯ мустақил буданро омӯзонда бошед ва “болҳояшро набурида” бошед).
Як ҳақиқати муҳимро бояд дарк кард: фарзандон барои МО дода намешаванд — онҳо барои ИН ДУНЁ офарида шудаанд. Мо бояд онҳоро барои зиндагии мустақилона омода кунем. Агар фарзандон мустақил шуданро наомӯзанд, дар зиндагӣ пеш рафтан ба онҳо хеле душвор мешавад.
Бояд дарк кард, ки ин зиндагии Ӯ ва интихоби Ӯ аст. Ва ҳатто агар хато кунад ҳам — ин хатои ХУДИ Ӯ мешавад, ки аз он таҷриба мегирад.
Муносибатҳои солим на бо рақобат, балки бо эҳтироми ҳудудҳо сохта мешаванд. Ҳар кас бояд дар ҷойи худ бошад:
модар набояд ҷойи ҳамсарро гирад,
ҳамсар набояд барои “ҷойи аввал” мубориза барад,
ва мард набояд ҷоизаи ин мубориза бошад.
Баъзан чунин мушкилотро танҳо бо суҳбати самимӣ, фосилаи солим ё ҳатто терапияи оилавӣ ҳал кардан мумкин аст. Ва ин муқаррарӣ мебошад ва ҷои айб нест. Чунки масъалаи «Ӯ ё ман?» дар бораи ду зан нест. Ин дар бораи эҳсосоти нотамом ва тарси раҳо кардани писари ба воярасида мебошад. Инро дарк кардан мухҳим аст!
Муҳаббат ва оромӣ ба ҳама!