Клиникаи Ибни Сино

Клиникаи Ибни Сино Инновационная медицина в РТ 🇹🇯
•Точная диагностика и анализы
• Опытные специалисты
• Современный стационар

ГИНЕКОЛОГИ ВАРЗИДА ДР.  НИДО ҲОҶИҲОДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!Ба таваҷҷӯҳи азизон мерасонем, ки аз санаи 21.09.2026 то 24...
05/09/2026

ГИНЕКОЛОГИ ВАРЗИДА ДР. НИДО ҲОҶИҲО
ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

Ба таваҷҷӯҳи азизон мерасонем, ки аз санаи 21.09.2026 то 24.09.2026 , гинеколог-ҷарроҳи варзидаи эронӣ, доктор Нидо Ҳоҷиҳо ба Бемористони Ибни Сино сафари корӣ анҷом медиҳад. Др.Нидо Ҳоҷиҳо тамоми бемориҳои узвҳои таносулии занона, аз ҷумла: бемориҳои уфунати коси хурд, кисти тухмдонҳо, миомаи бачадон, поликистози тухмдонҳо, вайроншавии назми ҳайз ва безурриётиро табобат мекунад. Ин мутахассиси варзида ҳамчунин, дар анҷом додани амали ҷарроҳии коси хурд тариқи кушода ва ё бо роҳи лапароскопӣ, дар бартараф кардани нуқсонҳои модарзодии духтарон бо равиши гистероскопӣ, инчунин дар анҷоми ҷарроҳиҳои пластикӣ ҳирфаӣ аст.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед ба суроғаи :

📍ш. Душанбе, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34 муроҷиат кунед
📞 ё ба телефонҳои
(44)640-01-02,(44)640-01-03
тамос гиред.

Бемористони Ибни Сино тамоми ҳамватанонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд!...
04/09/2026

Бемористони Ибни Сино тамоми ҳамватанонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд!

Истиқлол — рамзи озодӣ, ваҳдат ва рушду пешрафти миллат аст. Дар тӯли 35 сол, Тоҷикистони азизамон дар ҳамаи самт, аз ҷумла тиб, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Бемористони Ибни Сино бо масъулияти баланд фаъолият намуда, барои ташхиси дақиқ, табобати босифат ва нигоҳубини саломатии аҳолӣ тамоми имкониятҳои худро истифода мебарад.

✨Ба самъи азизон мерасонем, ки санаи 9 сентябр истироҳатӣ буда, бахши ёрии таъҷилӣ ва озмоишгоҳ шабонарӯзӣ, яъне 24 соат фаъолият мекунад.

Бигзор Истиқлолият ҳамеша поянда ва Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад!

35-солагии Истиқлолият муборак!

29/08/2026

Ман доктор Булуриён ҳастам. Аз 6 сол инҷониб, ҳар моҳ ё ҳар ду моҳе барои 2 ҳафта ба Душанбе меоям, то ба Тоҷикистониён хидмат расонам. Таҷрибаи беш аз 40-солаи ҷарроҳии дилро дар хидмати мардуми азизи Тоҷикистон мегузорам. Бахусус, ман таҷрибаи зиёд дар ҷарроҳии қалби дар ҳолати таппиш дорам.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед ба суроғаи :

📍ш. Душанбе, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34 муроҷиат кунед
📞 ё ба телефонҳои
(44)640-01-02,(44)640-01-03
тамос гиред.

26/08/2026

Ҷарроҳии гистероскопӣ яке аз ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ дар гинекология мебошад. Бо воситаи камераи гистероскоп мо ковокии раҳимро муоина мекунем ва агар дар он полип, синехия ё миомаи бачадон мавҷуд бошанд, онҳоро бартараф менамоем. Ҳамчунин, агар воситаи дохилираҳимӣ (спирал) солҳои зиёд дар бачадон монда бошад ва онро бо роҳи одӣ хориҷ карда натавонанд, бо ёрии гистероскоп ва асбобҳои он хориҷ менамоем. Хусусан барои заноне, ки аз безурётӣ азият мекашанд, гузаронидани гистероскопӣ хеле муҳим аст.

Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед ба рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
☎️ 44 (640) 01-02 / 44 (640) 01-03

📍 Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 34.

#гинеколог #врач #клиника #душанбе #таджикистан #гинекология

25/08/2026

Аввалин роҳ барои табобати санг: агар санг майда бошад, даво диҳем, ки биафтад. Агар санги калон дар гурда бошад ба тариқи лазерӣ- фосилавӣ, аввал ва баъдан берун мекунем. Агар санг хело бузург бошад, беҳтарин кор барояш мешавад сангшикании зайлипӯстӣ, PCNL аслаш.

Яъне як сӯрохе дар пӯст мекунем ва тариқи ин сурох вориди гурда мешавем. Бо дурбин сангро ёфт мекунем ва бо тариқи ин дурбин найча ки гузоштем, сангҳоро аз гурда хориҷ мекунем. Ин равишро мегӯянд - сангшикании зайлипӯстӣ.

Бо роҳи сӯрох кардан ё кушодани роҳ аз мавзеи камар, сангҳоро берун мекунем. Дар мавориди хело ва хело нодир, ба мо то ҳол ин иттифоқ пеш наомадааст, барои санг касеро шикоф кунем ё шикофро боз кунем. Маъмулан ин корро намекунем, яъне бурришҳои калонро анҷом намедиҳем.

Ман қариб мешавад, ки 13-14 соле инҷо меоям, ҳеҷ намуди ҷароҳии кушода накардаем. Ҳамаро аз тариқи носур сӯрох карда (ба тариқи PCNL - сангшикании зайлипӯстӣ) сангҳоро баровардем.

📍 Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 муроҷиат кунед ё бо телефонҳои
(44) 640-01-02, (44) 640-01-03 тамос гиред.

👁️ Омодагии биниши кӯдак пеш аз шурӯъи таҳсилОмодагии мукаммал ва саривақтии биниши кӯдак, пеш аз шурӯъи таҳсил, аз чанд...
24/08/2026

👁️ Омодагии биниши кӯдак пеш аз шурӯъи таҳсил

Омодагии мукаммал ва саривақтии биниши кӯдак, пеш аз шурӯъи таҳсил, аз чанд омилҳои муҳим иборат аст, ки ба ҳифзи саломатии чашм ва рушди дурусти қобилияти дидан мусоидат мекунад.

Барои омодагии пеш аз шурӯъи таҳсил гузаронидани чунин чорабиниҳо заруранд:

▫️санҷиши биниш аз ҷониби пизишк
▫️сари вақт гузаштани ташхис барои муайян кардани дурбинӣ ва наздикбинӣ
▫️пешгирии олусӣ
▫️мушкилӣ дар қобилияти фарқ кардани рангҳо.

2. Ташкили ҷойи муносиб барои кӯдак:

▫️мизро назди тиреза ҷойгир кунед, то равшанӣ ба таври кофӣ таъмин бошад.
▫️чароғро аз тарафи чап ҷойгир кунед (агар кӯдак чапдаст бошад — аз тарафи рост)
▫️аҳаммият диҳед, ки масофа байни чашмони кӯдак ва китоб на кам аз 35 см бошад
▫️истифодаи лавҳа барои кӯдак ҳатмист

3. Одатҳои солим ва реҷаи рӯз:

▫️замони истифодаи телефон, планшет ва ноутбукро маҳдуд кунед.
▫️сайру гашт дар ҳавои тоза, давоми рӯз, ба ҳифзи биниши кӯдак ва пешгирии дурбинӣ ва наздикбинӣ кумак мекунад.

4. Ғизо ва истироҳат:

▫️истеъмоли сабзавоту меваҳои тару тоза, кабудӣ, панир (творог), моҳӣ, тухм ва буттамеваҳо (ягоды), ки аз витаминҳои A, C, E ва руҳ (цинк) бой мебошанд, зарур аст.
▫️яке аз омилҳо барои оромии мушакҳои биниш ва солим нигоҳ доштани биноӣ - хоби бароҳат (давоми 9–10 соат) мебошад.

24/08/2026

Назари беморон нисбати сабти онлайн

Нафароне, ки тариқи сабти онлайн назди пизишк ворид шуданд, бар он назаранд, ки ин хизматрасонӣ осон ва роҳат аст.

Ин барнома ба шумо имкон медиҳад, ки вақти худро дар интизори қабули пизишк сарф накунед. Танҳо вақти мувофиқро интихоб намуда, дар замони муайяншуда ба қабули пизишк ташриф биёред.

Имрӯз сабти онлайн ба як роҳи муосир ва боварбахш ба ҳисоб меравад.

Шумо ҳам метавонед таҷриба кунед: ба сомонаи мо bis.tj ворид шавед, вақти бароятон мувофиқро интихоб намоед ва сабти номро анҷом диҳед.

#врач #здоровье #клиника #таджикистан #душанбе

ЭНДОКРИНОЛОГ АББОСИ ТАВАККУЛИЁН ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!Ба таваҷҷӯҳи азизон мерасонем, ки дар санаи 04.09.2026, эндокр...
22/08/2026

ЭНДОКРИНОЛОГ АББОСИ ТАВАККУЛИЁН ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

Ба таваҷҷӯҳи азизон мерасонем, ки дар санаи 04.09.2026, эндокринологи варзидаи эронӣ, доктор Аббоси Таваккулиён ба Бемористони Ибни Сино сафари навбатии корӣ анҷом медиҳад.

Доктор Таваккулиён эндокринолог-интернисти ботаҷриба буда, бемориҳои ҳипофиз, ғадуди сипаршакл (ҷоғар), фарбеҳӣ ва диабети қандро бо истифода аз усулҳои муосир табобат мекунад.
Ҳузури мутахассис барои афроде, ки аз бемориҳои ҷоғар, диабети қанд, фарбеҳӣ ва онҳое, ки аз мушкилоти ҳормонӣ азият мекашанд фурсати хуберо фароҳам мекунад, то аз таҷриба ва дониши мутахассиси варзида истифода баранд.

🔻Лозим ба ёдоварист, ки қабули мутахассис танҳо бо номнависи пешакӣ анҷом мегирад. Барои сабти ном бояд ин мароҳилро гузаред:

▫️Ба рақамҳои:
(44) 640 01 02 ва 640 01 03 тамос гиред ё мушахассот ва шумораи телефони худро ба паёмрасонии сафҳа ирсол намоед ва мо бо шумо тамос мегирем.

‼️То рӯзи машварат бояд сараввал ба назди доктор Диловар Маҳмадёров ассистенти др.Таваккулиён биёед. Ӯ қаблан шуморо муоина карда, озмоишоти лозимаро фармоиш медиҳад, то ин ки ҳангоми муоинаи доктор Таваккулиён натоиҷи омодаро дар даст дошта бошед.
Супоридани озмоишоти лозима барои осонии кор ва сарфаҷӯии вақти шумову мутахассис кумак мекунад. Машварати ассистент ройгон аст ва то замони омадани доктор Таваккулиён метавонед аз он истифода кунед.

Заботливая и Профессиональная Медсестра в IBNI SINO!IBNI SINO — современная семейная клиника, где мы стремимся создавать...
21/08/2026

Заботливая и Профессиональная Медсестра в IBNI SINO!

IBNI SINO — современная семейная клиника, где мы стремимся создавать атмосферу заботы и доверия для каждого пациента. Мы ищем в нашу дружную команду опытную и внимательную Медицинскую Сестру, готовую дарить профессионализм и тепло нашим посетителям!

🔻Что будет входить в ваши обязанности:
▫️Оказание квалифицированной сестринской помощи пациентам.
▫️Выполнение лечебных и диагностических процедур по назначению врача (инъекции, капельницы, перевязки и др.).
▫️Подготовка кабинетов и инструментов к приему.
▫️Ведение медицинской документации, работа с электронной историей болезни.
▫️Соблюдение санитарно-эпидемиологического режима.
▫️Помощь врачам во время приема.
▫️Создание комфортной и доброжелательной атмосферы для пациентов.

🔻Мы ждем от вас:
▫️Среднее специальное медицинское образование.
▫️Наличие действующего сертификата специалиста.
▫️Опыт работы по специальности (желательно от 1 года).
▫️Отличные навыки выполнения медицинских манипуляций.
▫️Ответственность, пунктуальность, аккуратность.
▫️Доброжелательность, отзывчивость и умение находить подход к разным пациентам.
▫️Знание санитарных норм и правил.

📌Что мы предлагаем вам:
▫️Официальное трудоустройство и стабильная заработная плата.
▫️Комфортные условия труда в современной, хорошо оборудованной клинике.
▫️Дружный и поддерживающий коллектив профессионалов.
▫️Возможности для профессионального роста и развития.
▫️График работы: с 08:00 до 17:00.

⁉️Как откликнуться:
Присылайте ваше резюме на [email protected] или номер WhatsApp +992000408145 с пометкой "Медсестра".
Или свяжитесь с нами по телефону: 44 640 01 02 / 44 640 01 03

Присоединяйтесь к IBNI SINO и станьте частью команды, которая заботится о здоровье и благополучии людей!

Address

Улица Фотех Ниёзи 34
Dushanbe
734000

Telephone

+992446400102

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Клиникаи Ибни Сино posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Practice

Send a message to Клиникаи Ибни Сино:

Shortcuts

Share

Category