08/06/2026
Омоси мағзи сар ҳеҷ гоҳ танҳо як ташхис нест.
Он метавонад фаъолияти касбиро қатъ созад, нақшҳои оилавиро тағйир диҳад, хотираҳои арзишмандро зери таъсир қарор диҳад ва лаҳзаҳои оддии зиндагиро, ки аксаран онҳоро бетаваҷҷуҳ қабул мекунем, халалдор намояд. Дар паси ҳар як мағзи сар ҷаҳоне аз орзуҳо, масъулиятҳо, муносибатҳо ва умедҳо ба оянда нуҳуфтааст.
Яке аз мушкилоти асосӣ он аст, ки варами мағзи сар метавонад муддати тӯлонӣ бидуни нишонаҳои равшан рушд кунад. Аксар вақт аломатҳо танҳо вақте пайдо мешаванд, ки варам ба қисматҳои муҳими мағзи сар таъсир мерасонад. Дарди доимии сар, хуруҷҳои эпилептикӣ (ташаннуҷ), тағйирот дар биноӣ, нутқ ё рафтор, мушкилоти хотира ё аз даст рафтани тавозун набояд ҳеҷ гоҳ нодида гирифта шаванд.
Дар ин Рӯзи ҷаҳонии осоми мағзи сар, биёед аҳамияти шинохти барвақтии нишонаҳо ва муроҷиати саривақтӣ барои гирифтани ёрии тиббиро бештар тарғиб намоем.
Дар МИОТ Байнамиллал, технологияҳои пешрафта, аз ҷумла ҷарроҳии каминвазивии Keyhole, ҷарроҳии эндоскопӣ, ҷарроҳии мағзи сар дар ҳолати ҳушёрии бемор (Awake Brain Surgery), харитасозии мағзи сар (Brain Mapping) ва мониторинги дохилиҷарроҳии фаъолияти асаб (Intra-operative Neuromonitoring), ба мутахассисони мо имкон медиҳанд, ки варамҳоро бо дақиқии бештар хориҷ намуда, ҳамзамон вазифаҳои муҳимеро, ки барои сифати зиндагии бемор аҳамияти ҳалкунанда доранд, ҳифз кунанд.
Зеро вақте мо мағзи сарро ҳифз мекунем, мо тамоми ҷаҳони даруни инсонро ҳифз менамоем.