30/07/2026
ПИРӮЗИИ НАВБАТИИ АҲЛИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Комёбии навбатии хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар озмуни дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, инчунин аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра далели равшани рушди устувори соҳаи маорифи вилоят ва самараи заҳмати содиқонаи омӯзгорону масъулони соҳа мебошад.
Албатта, бояд такъид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифи кишвар бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди неруи инсонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия дар мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд, ки самараи онҳо имрӯз аз чашми касе пинҳон нест.
Дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар солҳои охир барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва рушди қобилияти эҷодии хонандагон иқдомҳои муассир амалӣ гардида, заминаи мусоид барои ноил гаштан ба комёбиҳои сазовор фароҳам шудааст.
Дар ин ҷо заҳматҳои сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Абдулзода Зиёдулло Назарро низ зикр накарда намешавад. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти фидоии маориф ҷиҳати такмили сатҳи таълиму тарбия ва рушди ҷаҳонбинии хонандагон як қатор чорабиниҳои маърифатӣ роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, баргузор намудани «Рӯзи хониши бадеӣ» ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо адабиёти тавсияшавандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои илмӣ ва бадеӣ байни мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон» аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки барои густариши фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мусоидат намуданд.
Самараи чунин тадбирҳо имрӯз баръало дида мешавад ва мактабхонони вилоят дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ донишу маҳорати баланд нишон медиҳанд. Масалан, дар соли таҳсили 2025-2026 хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 1175 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 375 ҷой бештар мебошад. Барои муқоиса, агар соли таҳсили 2024-2025 хонандагони вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ 49 медали тилло ба даст оварда бошанд, имсол ин нишондиҳанда ба 164 медали тилло расид, ки 115 медал зиёд мебошад. Шумораи медалҳои нуқра низ аз 105 ба 266 адад расида, 161 медал афзоиш ёфтааст.Дар олимпиадаҳои байналмилалии соли 2026 низ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон натиҷаҳои шоистаро сазовор гаштанд. Дар ин олимпиадаҳо 14 ҳазору 251 нафар мактабхонон аз вилоят иштирок намуда, дар маҷмуъ 3640 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 2737 медал бештар мебошад. Аз ин шумора 829 медали тилло, 1196 медали нуқра ва 1615 медали биринҷӣ мебошанд.
Дастоварди навбатии хонандагони вилояти Хатлон дар озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра низ идомаи ҳамин пешрафтҳои назаррас ба шумор меравад.
Ин муваффақиятро ба тамоми аҳли маорифи вилояти Хатлон, омӯзгорони заҳматкаш, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва пеш аз ҳама ба хонандагони соҳибистеъдод, ки дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин комёбӣ ноил гардиданд, самимона муборакбод мегӯем.
Бовар дорем, ки аҳли маорифи вилояти Хатлон минбаъд низ бо меҳнати содиқона ва ҳисси баланди масъулият дар тарбияи насли соҳибмаърифат саҳми арзандаи худро гузошта, натиҷаҳои боз ҳам беҳтарро ба даст меоранд.
ФАРРУХ ҲОТАМЗОДА